БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ МУБОРИЗАИ БЕАМОН МЕБАРЕМ!

ВОКУНИШ. Раванди ҷаӽоншавии амалӽои террористӣ ва созмонӽои террористию ифротгароӣ аксари кишварӽои оламро зери хатар қарор додаст.

Инсоният имрўзӽо сели ӽуҷуми онӽоро дар кишварӽои чун Афғонистон, Сурияву Ироқ, Шому Фаластин баръало мебинаду теша бар пояи андеша мезанад, то аз ин хатар чи гунна раӽои меёбад.

Имрўз ӽамаи кишварӽои олам воӽидӽои зидди террорист ташкил намудаанд, ки то аз ин вабои аср эмин бошанд. Вале имрӯзҳо мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки муборизаи кишварҳо дар алоӽидагӣ муқобили гурӯҳҳои террористиву экстримистӣ натиҷаи хуб намедиҳад. Дар ин боб ӽақ ба ҷониби Пешвои муазами миллат аст, ки давлату кишварӽоро ба муқобили ин масоили глобалӣ ба муборизаи дастаҷамъона даъват намуд.

Тоҷикистон кишваре ҳаст аст, ки дар солӽои навадуми асри гузашта майдони фаъолияти фаъолони дастаӽои террористон қарор гирифта буд, ки насли калонсолону миёнсолони мо ӽама шоӽиди ин воқеъаӽои хунинанд. Дар ӽамин давра  мувофиқ ба гуфти коршиносон 150  ӽазор шаӽрвандони мо ба ӽалокат расиданду 55 ӽазор кудаки дигар ятим монд.

Сокинони саёраи мо ба воситаӽои расонаӽои хабари воқифанд, ки аксари амалӽои террористиро ба дини мубини ислом рабт медиӽанд, ки ин мутлақӽо  хатост. Ва боз дар ин боб рў меоварем ба гуфтаӽои Пешвои муазами миллат, ки гуфтаанд «Террорист дин, маӽзаб ва миллат надорад».

 Тоҷикистон чун як узви ҷомеъаи ҷаӽонӣ доимо ҷонибдори сулӽу салоӽ ва осоиштагии ӽамаи кишварӽои олам буда, доимо дар ин роҳ мубориза мебаранд.  Ӽанўз 7-уми декабри соли 2005 дар Арабистони Сауди Президенти кишварамон Эмомалӣ  Раӽмон баромад намуда ба дини мубини ислом нисбат додани амалӽои террористиро сахт маӽкум карда буд. 

Авзои пуртазоди сиёсии ҷаӽон, ки то рафт мураккабтар шуда истодаасту фаъол шудани дастаю гуруӽӽои террористӣ ба мушоҳида мерасад ӽар фарди солимфикрро водор месозад, ки Ватани худро дўст дораду хештаншинос бошад.  

Болотар зикр намуда будем, ки дар мубориза ба муқобили терроризм Тоҷикистон яке аз давлатӽои фаъол аст. Бо ташаббусу дастгирии сарвари давлатамон Эмомалӣ Раӽмон моӽи июли соли 2015 дар шаӽри Душанбе конфронси байналмиллали зери Унвони «Ислом зидди ифротгарони динӣ ва терроризм»  баргузор шуд, ки дар он донишмандони бузурги дини мубини ислом ва муфтиётӽои шинохтаи олами ислом аз Покистон, Қатар, Афғонистон, Эрон, Тоҷикистон, Қирғизистон, минтақаи Қафқоз ва дигар кишварӽо иштирок доштанд бо фатвоҳои худ ин гуруӽӽоро (террористонро)  ба ислом бегона донистанд.

Мо мардум аз азал мардуми сулҳхоҳем ва аз дину маданият ба хуби огоӽи дорем.

Дар ҷаӽони  ислом, мо медонем, ки эӽтироми ӽамдигари новобаста ба дину масӽаб дар ҷойи аввал аст.

Мо кулли сокинони Тоҷикистон дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ӽаммаи мардуми саёраро ба ӽамзистию осудагӣ даъват мекунему дар мубориза ба мушкилоте чун вабои аср, яъне терроризму экстремизм дастаҷамъона мубориза хоҳем бурд!

Сафарова Ӽафиза,  Раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg