БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ПАДИДАҲОИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА МЕБОШАНД!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии «Мактаби ронандагӣ»-и  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун чорабинии таблиғотии ҳизбӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ доир карда шуд.

Дар рафти чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ҳасанзода Тағоймурод вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуд. Аз ҷумла иброз дошт, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ ба худ касб карда, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат, дин ва муқаддасоти дигар вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият лозим аст.

Дар фарҷом Ҳасанзода Тағоймурод таъкид намуд, ки мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм натанҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандӯсту ватанпарвар, ҳар шахси комилҳуқуқи ҷомеа аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg