БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ АРЗАНДА ДАР БЕҲБУДИИ ҲИФЗИ САЛОМАТИИ МАРДУМ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар хониши сиёсии дар ташкилоти ибтидоии “Гулзор” гузаронидашуда иштирокдорон оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.

Масъулини ҲХДТ дар баромади хеш оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва зарурати татбиқи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба таври мувфассал маълумот дода, ҳозиринро дар мубориза ба муқобили падидаҳои номатлуби замон, аз ҷумла терроризму экстремизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва пешгирии дигар амалҳои номатлуб даъват карданд. Ҳамчунин, сокинонро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” ба корҳои ободонӣ, созандагӣ, дастгирии ниёзмандон даъват намуданд.

Раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Сафарлӣ Халифаев аз он ёдовар гардид, ки маҳз дар асоси ҳадафҳои созандаи ҲХДТ аз ҷумла Аксияи ҳизбӣ дар деҳа бо дастгирии соҳибкор Сайиданвар Камолов бинои замонавии маркази саломатӣ бо тамоми талаботҳои замонавӣ сохта ба истифода дода шуд, ки мушкилоти сокинон дар масъалаи беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ роҳи ҳалли худро ёфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg