БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАД АЗ БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИҲО БАЛАНД БАРДОШТАНИ ДОНИШИ СИЁСИИ ШАҲРВАНДОН АСТ!

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар робита ба иҷрои ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ мулоқоти навбатии кормандони масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Самар–транс-18»  сурат гирифт.

Зимни баргузории хониши сиёсӣ Раҳмонов Далер ба сухан баромада, дар бораи  моҳият ва аҳмияти саноатикунонии кишвар, риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва саҳмгузории ҳар шаҳрванд дар пешгирии амалҳои коррупсионӣ суханронӣ намуд.

Дар рафти чорабнинӣ байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбӣ оид ба масъалаҳои доғи рӯз аз ҷумла авзои ҷаҳони имрӯза суҳбату гуфтугузорҳои судманд баргузор гардид. Иштирокдорон иброз доштанд, ки аз ин чорабинӣ ба худ ғизои маънавӣ гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg