
НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Амонатбонк” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор гардид.
Зимнани баргузории чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроия Савзалӣ Зоиров дар бораи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар самти бонкдорӣ қайд кард, ки воқеан, бонкдорӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки кишвар ба шумор рафта, аз истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳо ояндаи кишвар вобастагии амиқ дорад. Имрӯз дар кишвар бонкҳои зиёди саҳҳомӣ фаъолият доранд, ки барои пешбурди рушди соҳибкорӣ, чорводорӣ, кишоварзӣ ва ғайра мусоидат менамоянд. Сипас, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбӣ оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсӣ суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ бошад, аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур ба як оилаи ниёзманд кӯмаки молиявӣ расонида шуд.