БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУШКИЛОТИ ҶОЙДОШТА ДАР СОҲАИ МАОРИФ БЕТАВАҶҶУҲ НЕСТ!

МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади дуруст сафарбар намудани амалҳои хайру сахо ва анҷом додани корҳои нек намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрӣ ва Аксияи ҳизбии  «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро баргузор намуданд.

 Масъулини дар қисмати сиёсии чорабинӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ба дарки мардум расонидани дуруст сафарбар намудани амалҳои хайру сахо, дасти ёрӣ дароз намудан ба таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимиро фаҳмонида доданд.

Инчунин,  дар ҳамоиш вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Гулчеҳра Шомадова ва хатмкардаи ин муассиса Лоиқов Назрулло иштирок дошта, ҳадафҳои созандаи ҳизбиро дастгирӣ намуданд ва барои таъмиру тармими  ин боргоҳи илму маърифат як қатор масолеҳи сохтмонӣ  кӯмак расониданд.

Амали хайри шахсони саховатманд, бонангу номус, ки бо заковати баланди худшиносиву ватанпарастӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, дӯст доштани Ватан амалӣ гардидааст, барои хонандагон дар оғози соли нави хониш мусоидат хоҳад намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg