ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Зағертути Ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо мақсади дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ва бо мақсади тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Масъулини ҳизбӣ вобаста ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019-2021, самараноку сарфаҷӯёна истифода бурдани оби ошомиданӣ, тозагию ободонии деҳот ва ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон сафарбар намудани ҷавонони синни даъватӣ- ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ сухан гуфтанд.
Инчунин, дар идомаи суҳбат қайд гардид, ки барои ҳавасманд сохтани ҷавонони ихтиёрӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант курси кӯтоҳмуддати ронандагӣ кушода шудааст, ки дар соҳибҳунар гаштани ҷавонон нақши муҳим дорад ҷавонони синни даъватӣ метавонанд аз ин курсҳои омӯзишӣ бархурдор гардида, соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ гарданд.
Дар кисмати амалии Аксияи ҳизбӣ бошад, сокинон ба тоза кардани ду тарафи канори роҳи деҳа машғул гардиданд, ки корҳои ободонӣ ба симои деҳа ҳусни дигар зам намуд.