БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭЙ, КИ ДАСТАТ МЕРАСАД, ДАСТЕ БИГИР...

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо дастгирии намояндагони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба Иди саиди Қурбон як қатор оилаҳои ниёзманд аз Ҷамоати шаҳраки Бохтариён аёдат карда шуда, аз ҳолу аҳволи рӯзгори онҳо аз наздик шинос гардиданд.

 Зимни суҳбат бо онҳо таъкид карда шуд, ки дастгирии оилаҳои ниёзманд меҳвару ҷавҳари фаъолияти ҲХДТ-ро ташкил медиҳад ва ашхоси ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла яккаву танҳо, маъюбон ятимону барҷомондагон таҳти ғамхории Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Баъдан дар партави Қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи андешидани чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзмандон” ва Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба эҳтиёҷмандон кӯмаки моддии яквақтаина расонида шуд, ки дар он рӯз хурсандии онҳоро ҳадду канор набуда,  миннтадории хешро аз Роҳбарияти Олии ҲХДТ  баён доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg