БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ТОҶИКОНРО БА ҲАМ ОВАРД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрии навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии “Ниҳолпарвар” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ роҳандозӣ гардид.

Дар ин чорабинии сиёсӣ Файзуллоев Алишер баромад намуда, гуфт, ки давлати тоҷикон 28-сол аст, ки соҳибистиқлол аст ва аз тарафи ҷомеаи ҷаҳон низ соҳибистиқлолии моро эътироф намуданд. Истиқлолият тоҷикони ҷаҳонро бо ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Набояд фаромӯш кард, ки мо Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамонро бо заҳмату талош ва ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллат ба даст овардаем, аз ин рӯ ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, то ин неъмати бебаҳоро ҳифз ва ба мисли гавҳараки чашм нигоҳ  дорад.

Месазад гуфт, ки дар баробари  заҳмату кӯшишҳои  роҳбарияти давлату Ҳукумат ва хусусан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пойдории сулҳ ва суботи комил ҳама якҷоя кӯшиш ба харҷ диҳем ва нагузорем, ки нохалафе оромии давлати моро халалдор созад.

Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бошад, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии мазкур  дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб гулу гулбуттаҳо шинонида, дар дигар корҳои созандагиву ободонӣ меҳнати содиқона намуда истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg