Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН БО МАҚСАДИ ПАСТ КАРДАНИ САТҲИ КАМБИЗОАТӢ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Саҳбо”  хониши сиёсӣ баргузор карда шуд, ки дар он самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баррасӣ  гардиданд.

Нахуст, Абдуллоев Ваҳобиддин муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  дар мавзӯъи  “Ҳисси масъулияти шаҳрвандон дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ”, ки яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа ба шумор меравад, суханронӣ намуда, мавсуф зикр кард, ки ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ба пешрафту шукуфоии Ватан, таъмини зиндагии осоиштаи сокинони кишвар равона карда шудааст. Мо фаъолонро  лозим аст бо истифода аз фазои сулҳу ороми Меҳан бо меҳнати бунёдкорона  дар бунёди ҷомеаи навин саҳмгузор бошему ҳамчун фарзанди содиқи Ватан дар рушду тараққиёт масъулияти баланди ватансозиро доро  бошем.

Ҳамчунин,  дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар самти дастгирии оилаҳои ниёзманд бо дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии  мазкур Мавлонов Ҳусейн ба 1 нафар шахси ниёзманд кӯмаки моддӣ  расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg