Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ҒАМХОРӢ БА НИЁЗМАНДОН ПАЙВАСТА РОҲАНДОЗӢ МЕГАРДАД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади хайру сахо дар арафаи таҷлили иди саиди Қурбон дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ва Қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи андешидани чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзмандон” ба як нафар маъюб аз Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни деҳаи Дӯстӣ  Касирова Нилуфар кӯмаки молиявӣ расонида шуд.

Масъулин зимни расонидани кӯмак иброз доштанд, ки дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, аз ҷумла маъюбон, ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор дорад ва дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Аз иқдоми инсондӯстонаи  ҳизбиён  оилаи  Касировҳо изҳори сипосу миннатдорӣ баён карда, ташаббуси некро давоми ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg