
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва бо дастгирии раиси Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх Fафуров Абдурасул ва ташкилоти ибтидоии “Шараф” роҳи дохили деҳаи мазкур, ки ба асари боло рафтани обҳои зеризаминӣ вайрон гардида буд, сангфарш карда шуд.
Дар доираи корҳои созандагию бунёдкорӣ ва роҳандозии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 1,5 км роҳҳои дохили деҳа сангфарш гардида, сокинон бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ заҳбуру заҳкашҳоро тоза намуда истодаанд.
Намояндагони ҳизбӣ иқдоми навбатии мардуми деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхро амали шоиста ва қадрдонӣ арзёбӣ намуда, туҳфаи арзандае ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ пазируфтанд.