БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ТАЪСИРИ ҚУВВАҲОИ МОҶАРОҶӮ ЭМИН НИГОҲ ДОШТАНИ ВАТАН ИН РИСОЛАТИ ШАҲРВАНДИСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Эмтаъминкунӣ” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ иштирок ва суханронӣ намуда, қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу вахати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста диққати аҳли кишвар ва ҷаҳониёнро ба масъалаҳои афзоиш ёфтани исломситезӣ ва андешидани чораҳои муқовимат зидди терроризму экстремизм ҷалб намуда истодаанд. Сарвари давлат бо таъкидҳои пайвастаи худ водор аз он месозад, ки суръати густариши таҳдиди ифротгароӣ ба ҳадде расидааст, ки имрӯз гурӯҳҳои манфиатҷӯ баъзе аз давлатҳои дунёро ба доми ҷангу оташ кашида истодаанд. Гурӯҳҳои зиёде низ ҳастанд, ки бо мақсадҳои муғризонаи худ тавассути дастгирии хоҷагони хориҷиашон ба монанди ТТЭ ҲНИ талоши онро доранд, ки сулҳу осоиштагии моро халалдор сохта, давлатдории миллии тоҷиконро аз байн барад.

Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо, хусусан ҷавонон аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва осоиштагии мардуми кишвари худро аз чунин пайомадҳои манфӣ, аз таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg