БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТИ ДАРМОНДАГОНРО ГИРИФТАН МАСЪУЛИЯТИ ҲАР ЯК ИНСОНИ БОШАРАФ АСТ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо мақсади тарғиби ҳадафҳои созандаи ҳизб, самтҳои афзалиятноки фаъолияти он ва роҳандозии қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ташкилоти ибтидоии “Лоҳутӣ” вохӯрӣ доир намуданд.

Масъулин зимни суҳбат иброз доштанд, ки бо ҳисси баланди  масъулиятшиносӣ ҷавононро дар руҳияи худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намуда, баҳри ҳимояи марзу буми Ватан омода намоянд.

Дар ҷараёни сўҳбат аз иштирокдорон даъват шуд, ки ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ҷиҳати татбиқи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, ки ҳадафи асосии Аксияи мазкур - дастгирӣ намудани табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ва рушди деҳот мебошад, саҳмгузор бошанд.

Дар охир, фаъолони ҳизб – аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Лоҳутӣ” барои татбиқи Аксияи «Якҷоя ҳал мекунем!» ба як оилаи ниёзманд кўмаки моддӣ расониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg