БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАЗИФАИ ӼАР ЯК СОКИНИ КИШВАР ДАР РИОЯИ ҚОНУНӼОИ МИЛЛӢ МУҲИМ АСТ!

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар деӽаи Селбури ҷамоат деӽоти ба номи Миралӣ Маӽмадалиеви ноӽияи Восеъ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Сафарова Ӽафиза раиси Кумитаи иҷроия  вобаста ба баланд бардоштани дониши сиёсию маънавии сокинон, дар бораи  қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуда, қайд кард, ки бо қабули Қонуни мазкур зиндагии мо ба танзими муӽимтарин рукнӽои ӽаётӣ иҷтимоӣ, анъана ва маросимӽои миллию динӣ рў оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онӽо ба манфиати иқтисодӣ, устувории ӽаёти иҷтимоӣ ва ӽимояи ӽуқуқу озодиӽои шаӽрвандон амали бениӽоят хайреро анҷом дод.
Чи тавре, ки Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон таъкид намуданд: «зоӽирпарастиву исрофкорӣ ва риояи ноогоӽонаи анъана ва расму оинӽои халқиву динӣ дар навбати худ садди роӽи баланд гардидани сатӽи зиндагии аӽолӣ мебошад».

Инчунин, ба сазовор ҷашн гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҳар як иштирокчӣ масъулияти баланди ватансозиро даъват ба амал оварданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg