БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАЪЮБОНУ ЯТИМОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ПАЙВАСТАИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Вохурии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ориё”-и ҷамоати шаҳраки Балх  баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Содиқова Меҳрубон иштирок карда бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар бораи самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар – ҳадафи чоруми миллӣ суханронӣ намуд.

Дар доираи Аксияи ҳизбӣ бошад бо ташаббуси Кумитаи иҷроия аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ба як нафар маъюб- Уроқова Гулноза кумаки моддӣ аз қабили маводҳои хӯрока дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg