Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии мошинӣ”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ ва Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор гадид.
Дар он корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия-Алиев Зафар иштирок намуда, изҳор кард, ки мақсади аслии ин чорабинӣ фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба сокинон аст.
Дар фарҷом дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоӣ ба як оилаи камбизоат кӯмаки молиявӣ расонида шуд.