БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБ САРЧАШМАИ ҲАЁТ ВА МАНБАИ ОБОДОНИИ ВАТАНИ АЗИЗАМОН МЕБОШАД

ҲАМАДОНӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ҳуснобод» хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» гузаронида шуд.

 Раиси Кумитаи иҷроия Давлатҷон Ғаффорзода оид ба Барномаи «Ислоҳоти оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025», ки ҳадафи асосии он гузаштан ба идоракунии муосири захираҳои об ва ҷалби сармоягузориҳои нав барои ҳалли мушкилоти об ба ҳисоб меравад, андешаронӣ карда иброз дошт, ки барномаи мазкур иқдоми саривақтӣ буда, яке аз масъалаҳои асосие, ки таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд, таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ мебошад. Зеро об сарчашмаи ҳаёт ва манбаи асосии саломатии инсон мебошад.

 Баъдан дар қисмати амалии  Аксияи ҳизбӣ барои саривақт кашонидан ва васл намудани қубурҳои обгузар ва таъмин гардидани аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ корҳои ободонӣ ҷараён дошта, дар рӯзҳои  наздик  аҳолӣ бо оби нӯшоки таъмин карда мешаванд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg