БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОНИШҲОИ СИЁСӢ БАРОИ БОЛО БУРДАНИ МАЪНАВИЁТИ АЪЗОИ ҲИЗБ МУСОИДАТ МЕНАМОЯД!

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Нури замин» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Алиҷон Назаров хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни суханронӣ мавсуф оид ба сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ба ноҳияҳо Балҷувону Ховалинги вилояти Хатлон баромад намуда, аз пешрафту  шукуфоии Тоҷикистони азиз бо роҳбарии Раиси муаззами ҲХДТ ёдоварӣ кард.

Баъдан  дар рафти вохӯрӣ ба як нафар корманди ташкилоти ибтидоии мазкур шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим карда шуд.

Дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» аз ҷониби аъзоёни ин ташкилоти ибтидоӣ як синфхонаи МТМУ №3 таъмир карда шуд, ки ин иқдоми неку созанда барои таҳсили хонандагони ин боргоҳи илму маърифат мусоидат хоҳад намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg