Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ҲИЗБИЁН БА АЁДАТИ БЕМОРЕ РАФТАНД!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади фаҳмонидани моҳият ва ҳадафҳои асосии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якљоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии «Омор» хониши сиёсӣ баргузор гардид.  

Дар рафти мулоқот Сабоҳат Азизӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар назди  ҳозирин баромад намуда, доир ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар самти пешрафту тараққиёти кишвар, саноатикунонии босуръати кишвар-ҳамчун ҳадафи стратегӣ, истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлдатӣ ва ҳадафҳои  барномавии ҳизбӣ иброзӣ ақида намуд. Номбурда, қайд намуданд, ки талошу заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат баҳри боз ҳам ободтар шудани Меҳан мебошад ва моро зарур аст, ба қадри меҳнатҳо расем, барои зиндагии арзандаи хеш талош варзем.

Сипас, дар партави Аксияи ҳизбӣ бо дастгирии ташкилоти ибтидоии мазкур як нафар бемори бистарӣ  аёдат карда шуда, ба ӯ кӯмаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg