Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ХИЗМАТҲОИ ШАХСОНИ ВАТАНДӮСТ ҚАДР КАРДА МЕШАВАНД!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар арафаи  иди саиди Қурбон кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба дидорбинӣ  ва табрики намудани иди Саиди Қурбон ба хонаи шоири шинохтаи тоҷик  Алимуҳаммад Муродӣ рафтанд.

Зимни суханронӣ шоири шинохтаи тоҷик Алимуҳаммад Муродӣ дар бораи ватандӯстию ватанпарварӣ, қадру манзалати сулҳу суботи ҷомеа, хизматҳои Пешвои миллат дар барқарор кардани Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ба  пешравиҳои назаррас ноил гардидани Тоҷикистон  дар замони соҳибистиқлолӣ суханронӣ карда, бо шеърҳои ватандӯстонаву ватанпарваронааш, ки  дили садҳо нафарро тасхир бахшидааст, шукргузорӣ аз ин Ватани ободу зебо намуда, як чанд шеъри худро қироат кард.

Ҳамзамон,  мавсуф  ба масъулин  дар самти дуруст ба роҳ мондани чорабиниҳои ҳизбӣ ва таври муфассал ба мардум фаҳмонидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун  шахси соҳибтаҷриба маслиҳатҳои судманд дод. Инчунин, таъкид кард, ки имрӯз воқеан ҲХДТ-ҳизби мардумӣ ва пешоҳанги ҷомеа ба ҳисоб рафта, итминони комил дорем, ки таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳадафҳои созандаи он дар амал татбиқ мегарданд. Дар  охир дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба шоир кӯмаки яквақтаина дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg