Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

СОКИНОН БА РОҲИ СОЗАНДАГӢ ҚАДАМ МЕНИҲАНД!

ТЕМУРМАЛИК.  Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Танобчии боло” вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  баргузор гардид.

Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид оғоз намуда, дар бораи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва  саноатикунонии босуръати кишвар-ҳадафи чоруми миллӣ  гуфтугӯ намуданд.

Зимнан, дар бораи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Балҷувон ва нисбати пешоҳанг будани Тоҷикистон дар мубориза ба терроризм  ибрози сухан намуд.        

Дар охир вобаста ба қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” аъзои ташкилоти ибтидоии тасмим гирифтанд, ки дар таъмири муассисаи таълимии деҳа ба маблағи 1200 сомонӣ маҳсулоти сохтмонӣ харидорӣ намуда ва таъмирро оғоз  намоянд. Ҳамчунин, сокинон дар якҷоягӣ барои обёрии деҳа аз масофаи 600 метр иқдом намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg