ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар рафти суҳбат дар баробари шарҳу тавзеҳи дигар ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, инчунин масъалаҳои пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба истифодаи самарноки обу замин, зиёд намудани майдони боғу токзор, таъмини аҳолӣ бо меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ҳавасманд сохтани деҳқонон барои содирот намудани маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар арафаи иди Қурбон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант Мирзоалӣ Қаландаров ва чанде дигарон ба 4 оилаи эҳтиёҷманд аз ҳисоби даромади оилаи худ маводи хӯрока кӯмак намуданд.