БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ СИЁСИИ ҶОМЕА – РИСОЛАТИ МО ҲИЗБИЁН

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар  ташкилоти ибтидоии “Маркази тропикӣ” хониши сиёсӣ роҳандозӣ шуд.

Зимни суханронии худ Мунаввараи Бозоралӣ иброз дошт, ки  яке аз вазифҳои асосии ҳизбиён аз он иборат аст, ки ба дарки мардум расонидани идеология миллӣ, тарғиби ҳадафу мақсадҳои ҲХДТ ва баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷомеа  мебошад. Дар ин росто огоҳонидани мардум аз хатарҳои муосири геопалитикӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва бо ақлу заковати солим, саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ баҳри пешравии Ватани азизамон вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд аст.  Дар баробари ин ҷавонони мо бояд бо дарки баланди масъулият ва пайравӣ аз Пешвои миллат дошта бошанд, зеро  дастгириву ғамхорӣ аз ҷониби Роҳбари давлат нисбати ин табақаи созандаву ояндаи миллат хеле зиёд ба назар мерасад.

Дар охир роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази тропикӣ” Муродов Исомиддин қайд кард, ки рафти ин чорабинии сиёсӣ нишон дод, ки имрӯз кормандони  касбу кори гуногун аз сиёсати дохиливу  хориҷии кишвар бохабар буда, аз фазои орому Истиқлолияти комили кишвар шукргузоранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg