
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ва роҳандозии корҳои созандагию бунёдкорӣ дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар деҳаҳои Навобод ва Тоҷикободи Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулини ҳизб дар назди ҷамъомадагон вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат дар рушду тараққиёти кишвар ҳарф зада, даъват ба амал оварданд, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ масъулияти баланд зоҳир намоянд.
Таи чанд муддат буд, ки дар деҳаҳои мазкур сохтмони хатти обгузар идома дошта, сокинон аз набудани оби ошомиданӣ танқисӣ мекашиданд, имрӯз бошад, бо дастгирии фаъолон, шахсони хайрхоҳ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунам!” хати оби ошомиданӣ бо тариқи ҳашар ба масоҳати 5000 метр сохта ба истифода дода шуд, ки ин мушкилоти сокинонро дар самти таъминот бо оби нӯшокӣ ҳалли худро пайдо намуд.