БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАҲМОНИДАНИ МОҲИЯТИ ҚОНУНҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МИЁНИ ҶОМЕА

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Ҳангоми баромад Файзуллоев Алишер изҳор кард, ки мақсади аслии ҷамъомад, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон, ҷихати хуб ба роҳ мондани таълиму тарбияи фарзандон, ҷалби духтарон ба мактаб, пешгирии амалҳои номатлуб дар байни занон, ҷавонон, ноболиғон, аз қабили содир намудани ҷиноят, нашъамандӣ, худкушӣ, худсӯзӣ ва пешгирии шомилшавии занону духтарон ва ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, иборат аст.

Дар навбати худ Шарипов Неъматулло гуфт, ки фаҳмонидани моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” вазифаи асосии мо фаъолони ҷомеа мансуб меёбад. Мавсуф илова намуд, ки қонуни мазкур барои пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg