БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОИЛА АСОСИ ҶОМЕА, МУҲИМТАРИН РУКНИ ҶАМЪИЯТУ ДАВЛАТ АСТ!

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади мустаҳкам намудани робитаи ҳизб бо сокинони маҳал дар деӽаи Туғайи ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маӽмадалиеви ноҳияи Восеъ ҷамъомад  баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Сафарова Ӽафиза, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ оид ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон гардидани соли 2015 “Соли оила” суханронӣ намуда, зикр дошт, ки оила асоси ҷомеа, муҳимтарин ячейкаи ҷамъияту давлат мебошад. Маҷмӯи оилаҳо ҷамъиятро ба вуҷуд оварда, устуворӣ ва ноустувории давлат ба он вобастагӣ дорад. Аз назари дигар ҷомеаро бе оила низ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Чи қадаре, ки оила мустаҳкам бошад ва волидон фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсонгароӣ, хештаншиносӣ ва донишмандӣ  тарбия намоянд, ҷамъият низ худро устувор нигоҳ медорад ва дар оянда самараи дилхоҳ медиҳад.

Ободӣ ва солимию маърифатнокии ҷомеа, пешрафти иқтисодиёту  иҷтимоиёти мамлакат ва бунёди зиндагии солим аз маърифати ҳар аъзои оила вобастагии қавӣ дорад. Агар оила ба фарзандон тарбияи дуруст дода, ҷомеаро қаноатманд намояд, албатта давлат ва ҷамъият ҳам ба мақсаду ҳадафҳои худ ноил мегардад.

Сипас, дар идома дигар паҳлуҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баррасӣ  карда шуда, бо суолу пешниҳодҳои  иштирокдорон  ҳамоиш  анҷом ёфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg