БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ ВАТАНРО АЗ АЗ МАҲАЛИ ХУД ОҒОЗ МЕКУНЕМ!

ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Чанде қабл бо мақсади баргузории хониши сиёсӣ ва роҳандозии корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии «Меҳристон» вохӯрӣ баргузор гардид.

Мардуми деҳаи Меҳристон дар ин рӯз сарҷамъона ба ҳашар баромада пули деҳарро  мустаҳкамбандӣ намуданд. Мардум тармими пули деҳаро кори савоб ва обод намудани як гушаи диёр дониста, тасмим гирифтанд, ки дар оянда низ корҳои созандагиро дар деҳа ва Ҷамоат ба роҳ мемонанд.

Аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия барои таъмири пули мазкур 10 халта семент кумак гардида, инчунин атрофии сиёсати имрӯзаи дохиливу хориҷӣ ва самтҳои афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, оид ба амалӣ намудани Қонунҳои миллӣ,  истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ободу зебо намудани маҳали худ суханрониҳо карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg