БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН АЗ ТАРАҚҚИЁТИ ВАТАН РУҲБАЛАНД ГАРДИДА, ДАР КОРҲОИ БУНЁДКОРӢ САҲМ МЕГУЗОРАНД

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Имрӯзҳо  мардуми шарафманди  тоҷик таҳти  шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистони азиз ҳисса мегузоранд.

Таҳти ҳамин шиор кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ низ дар деҳаи Нури Вахш бо сокинон вохӯрӣ доир намуданд.

Дар рафти мулоқот вобаста ба дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки барои ҷомеаи имрӯза  саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ шудааст, баррасӣ гардид, ки аз ин  суҳбати муфид сокинон ба худ ғизоӣ маънавӣ гирифтанд.

Ҳамзамон дар қисмати амалии  чорабинӣ бошад Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» доир карда шуда,  сокинони бонангу номус деҳаи номбурда дар  таъмири бинои ҷамоати деҳоти Нури Вахш саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg