
ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҷиҳати пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар арафаи иди саиди Қурбон ҷиҳати анҷом додани амали неки инсондӯстонаву ватанпарварона дар доираи Қарори раиси вилояти Хатлон «Дар боари андешидани чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзмандон» ва Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба сокини маҳаллаи ба номи А.Холиқови Ҷамоати шаҳраки Вахш Одинаев Назруллоҳ, ки шахси ниёзманди ҷомеа мебошад, маводи хӯрока кӯмак расонида шуд.
Чунин иқдомҳои неку ояндадор аз ҷониби фаъолон,аъзо ваҷонибдорони ҲХДТ нисбат ба қишри эҳтиёҷманди ҷомеа пайваста доир гардида, шахсони ниёзманд аз ин ташаббусҳои ғамхорона сипосгузоранд.