
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи иқдоми навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии муассисаи “Комуналии Себистон” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Каримзода Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроия оид ба нуктаҳои муҳими Паёми навбатӣ солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таъмири қубурҳои обгузар, тоза ва безарар кардани обанборҳои обӣ, пешгириии ҳар гуна касалиҳои сироятӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию тундгаро, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ андеша намуда, ҳамагонро ба сарфакорию сариштакорӣ, анҷоми корҳои хайру сахо ва ободкориҳо даъват намуд.