БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ МАРОМИ МО ӼИЗБИЁН АСТ!

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар деӽаи Меӽробод 3-и  ҷамоати  деӽоти Гулистони ноӽияи Восеъ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот Шаӽноза Раҷабова корманди масъули ҳизбӣ доир ба хатарҳои терроризм ва экстремизм суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад. Аввалан, он барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида, дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоварад. Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсадҳои онро чунин шарҳ медиҳад: “Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист.

Инчунин, баҳри амалишавии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» аз ӽисоби кумитаи маӽал сохтмони ду синфхонаи иловагиро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 шурӯъ намуда, онҳо ният доранд то оғози соли нави хониш ба истифода диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg