БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ УРФУ ОДАТ ВА АНЪАНАҲОИ НЕКИ МАРДУМӢ БО МАҚСАДИ ТАРБИЯИ АХЛОҚИВУ МАЪНАВИИ ҶОМЕА

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ширкати хонаҳо” вохӯр бо щизбиён баргузор гардид.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар зимни баромад иброз доштанд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи посдоштани фарҳанги миллӣ ва роҳ надодан ба фарҳанги бегона таваҷҷуҳи махсус доранд. Ин аст, ки дар кишвар фарҳанги қадимаи мардуми кишвар, ҳунарҳои миллии адрасу атласбофӣ, нақшкорӣ, чакандӯзӣ ва ғайра аз нав эҳё гардида, занону духтарон бештар ба либоси миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда истодаанд. Дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт сармашқи кору фаъолияти худ намуда, посдорондаи фарҳанги бойи ниёгони хеш гардем ва ба насли наврасу ҷавон ба арзишҳои миллӣ арҷ гузорем.

Инчунин, дар идома доир ба дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, татбиқи босамари  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем””, ҳадафҳои барномавӣ ва Оинномавии ҲХДТ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ибрози ақида  карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg