БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ МО БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАРДОН!

БАЛҶУВОН.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон  дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Некмардон»-и  Ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳимов вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзозода Исуф оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Балҷувон баромад намуда, изҳор дошт, ки ҳар яки моро зарур аст баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои сарсабзу хуррам гардонидани деҳаву маҳаллаҳои худ кӯшиш намоем ва  дар корҳои бунёдкориву созандагӣ ҳиссагузор бошем.

Вохӯрии судманд аз ҷониби сокинон бо хушнудӣ пазируфта шуда, чанде аз онҳо иброз доштанд, ки  ҷавобан ба ғамхориҳои Роҳбари давлат бештар меҳнати содиқона карда, барои боз ҳам ободтару  зебо гардидани  Ватан талош хоҳанд варзид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg