БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ НАЗАРГУЗОРИИ ҲАШТПОИ АВСТРАЛИЯГӢ ДАР ШАБАКАИ «ЮТУБ»

ВОКУНИШ. Дар шабакаи  иҷтимоии «Ютуб»  шахсе зери дарахти соядоре бо тамасхур нишаста, гоҳе даст ба тоқии сар бурдаву гоҳе ин тарафу он тараф  нигоҳ карда шиками барҷастаашро ба намоиш мегузорад.   Дар  диди аввал ҳар бинанда фикр мекунад, ки Қорӣ-ишкамба- қаҳрамони повести «Одина»-и устод  Садриддин Айнӣ дар кишвари Австралия  дар асри мо падид омадааст. 

Ӯ худро Абдусалом Одиназода муаррифӣ намуда,   бепарвоёна  гоҳ аз нишебу гоҳ аз фароз сухан мекунад ва баъдтар дилу нияти ғализ ва мақсади нопокаш бо шеваи айёронаи ба худ хос  назди бинанда аён  мегардад. Номбурда  худро мисли як парандаи бегуноҳ, билохира худро як одами донову ҳамафаҳм тарошида,  дар гуфтаҳояш бо ибораи ба худаш мансуб  «чун гунҷишк чирик-чирик мекунад».

Абдусалом Одиназода бо сафсатаю дурӯғбофиҳои худ сари давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санги маломатро бор карда, аз меҳане, ки он ҷо чашм кушодаву бо нону оби зодгоҳаш бузург шудааст, дасти чапу росташро фарқ кардаву худашро шинохтааст носипосӣ мекунад.

Гоҳ-гоҳе писханди аҳмақона зада, нисбати ҳаммиллатону зодбуми  худ дар баромадаш бо лафзи пур аз дашному ҳақорат ва суханони таҳқиромезу беандешона  ба ҷаҳониён тариқи шабакаҳои ичтимоӣ фарҳанги «баландаш» -ро ба намоиш мегузорад.

Мавсуф чун як нафар тоҷики тарбиянодидаву дар кӯча калонгашта,  фарсахҳо дур аз таълиму тарбияи тоҷиконаву одаму  одамгарӣ,  камогоҳӣ аз арзишҳои суннатии дини мубини ислом, бо ҳарзагӯӣ  зери дарахти серсоя бо ақидаҳои пучу бепоя худро дар рӯёрӯи наворбардори инфиродиаш таскин мебахшад. Албатта ин раҳгумзадаро фаҳмидан мумкин!  Кишваре, ки ҳаммиллату ҳамзабон нест, аз арзишҳои дини мубини ислом шояд дар он қариб, ки нишон нест, номбурда маҷбур аст, худ ба худ суҳбат орояд. Агар не, гумони ғолиб ҳатман талхакаф мешавад!  

Баъди чанд баромадаш дар шабакаи ичтимоии «Ютуб»  кӣ будани  Абдусалом Одиназода маълум гашт  ва ӯ ҳамчун як фарди кӯрнамак, буздилу бетарбия ва  чун пистаи  бемағзу  пуч  шинохта  шуд.  Ба қавле:

Бетамизиҳои одам аз сухан пайдо  шавад,

Пистаи бемағз агар лаб во кунад расво шавад.

Агар ӯ тоҷикистонӣ аст чаро сокинони зодгоҳашро таърифу тавсиф ва сокинони дигар минтақаи ватанамонро дар мулки бегона рафта паст мезанад.  Магар ҳамин аст нишонаи мардӣ?

Ҷангал бе шеру бе рӯбоҳ намешавад ва  абдусаломбаринҳо на шер, балки  яке аз рӯбоҳи фурӯхташудаи  ин диёранд! Зеро сухани онҳо дар дохили кишвар мақому мартаба надоранд ва аз дур рафта «чирик-чирик» карданҳо хоси чунин гӯлу гумроҳонест, ки имрӯз мутаассифона дар шабакаҳои   ичтимоӣ чун тухми ачириқ реша давондаанд. 

Агар дар шарёни  Абдусалом Одиназода қатраи хуни точикию мусулмонӣ мебуд ҳеҷ вақт  бесаводиву беақлии худро тариқи интернет ба намоиш намегузошт.

Оё дар ягон гӯшаи дунё давлат ё кишваре ҳаст, ки бемушкилот бошад?  Албатта не! Абдусаломбаринҳо  таҳрикдиҳандаи  ҷурму нуқсон  дар  ҳар як давлату миллат буданду ҳастанд ва мо барои вокунишу баҳс бо ин тоифа инсонҳо  ҳамеша омодаем.

Сунатуллоева Мавзуна, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин        

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg