Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ТТЭ ҲНИ ҲАМЧУН ГУРӮҲИ ЗАРХАРИДУ ХОИН, БАДХОҲУ ХИЁНАТКОР ШИНОХТА ШУДААСТ

ВОКУНИШ. Ташкилоти террористӣ- экстремистии ҲНИ дар  тӯли  фаъолияти  худ  ҳамеша  кӯшиш  мекард,  ки  ба  мақсадҳои  нопоки  худ  ноил  гардад.  Барои  ин  борҳо  кӯшиш  намуд,  ки  барои  ба  сари  қудрат  омадан  ваъиятро  ноорому  мутташанниҷ  гардонад,  иғво  барангезад,  дар  байни  мардуми  осоишта  ҷангу  ҷидолро  ба  вуҷуд  орад.

Имрӯзҳо аъзои Ташкилоти террористӣ- экстремистии ҲНИ расонаҳои интернетиро роҳи қуллай барои иғво андохтан медонанду пайваста тариқи расонаҳои хабарӣ барои мафкураи мардумро вайрон сохтан, иғвову шӯр барошуфтан ва ноил шудан ба мақсаду ҳадафҳои нопокашон гузоришҳои бемаъниву бемантиқро пахш менамоянд.

Вале мардуми сарбаланди тоҷик   дигар  ҳеҷ  вақт  ба  онҳо  бовар  намекунанд, мо медонем, ки  онҳо чӣ мехоҳанд,  ҳиллаву  найрангҳояшонро  хуб  омӯхтаем.  Ташкилоти террористӣ- экстремистии ҲНИ ҳизби  ҷангҷӯю  хунхор,  хоину  ватанфурӯш  ва  хиёнаткор  аст.

Чӣ ба ақидаи шумобарин ду-се нодон,  хоинони  Ватан, ки  тариқи расонаҳои хабарӣ гузоришҳои бемаъниву бемантиқро пахш менамоянд мо ҷавонони даврои истиқлол бовар мекунем, Ҳ А Р Г И З   Н Е, магар ин шумо набудед, ки соли  1992 ба  сари  миллат  фоҷиаҳои  гӯшношунидро  овардеду  то  ҳол  дар  ҳар  хона  доғу  ғами  он  боқист,  фаромӯш  накардааст.  Ин  рӯзи  сиёҳ  ва  ин  ҷанги  бародаркуши  бемаънӣ  бо  ранги  сиёҳ  дар  авроқи  таърих  сабт  гаштааст, ин шумо набудед, ки зиёиёни  миллат  мисли  Муҳаммад  Осимӣ,  Отахон  Латифӣ,  Сайф  Раҳимзод,  Исҳоқӣ  Юсуф,  С.  Кенҷаев,  Н. Ҳувайдуллоев,  Муродулло  Шерализода,  воқеаҳои  хунину  кӯшиши  ғасби  ҳокимият  дар  соли  2015,  ки  аз  ҷониби  Ҳоҷӣ   Ҳалим  ва  Кабирӣ  роҳандозӣ  гардид,  куштори  сайёҳони  хориҷӣ,  воқеаҳои  моҳи  сентябри  соли  2018  дар  Варшава  ва  даҳҳо  нақшаҳои  дигар,  ки  зидди  давлату  Ватани  аҷдодии  хеш  амалӣ  кардед?

Имрӯз  мо  Ватани  азизамон  Тоҷикистони  биҳиштосоро  беш  аз  ҳарвақта  дӯст  дошта,  дар  атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  боз  ҳам  мустаҳкам  гардида,  Ватанамонро  аз  шумобарин хоинон эмин  медорем.  Мо  дигар  намегузорем,  ки  ба  хоки  Ватанамон  пойи  нохалафе  бирасад. 

Мо  барои  ояндаи  ободу  осоишта,  сулҳу  ваҳдат  ва  рушду  нумуи  кишварамон  саъю  талош  меварзем.

Шеров Сунатулло, мудири шуъбаи таблиғот,  иттилот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg