БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ КОРИ ДАСТАҶАМЪИСТ!

АНДЕША. Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад.

 Дар Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду хатарҳо омадааст: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад.

Мубориза бо ин вабои аср дар шароити имруза хело мушкил буда, вазъияти баъзе аз давлатҳои ҷаҳон торафт мушкил шуда истодааст - терроризм ва экстремизм, ки дар шароити мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намудааст.Қайд шуд, ки давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои хеш барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бо ҳам бархурди бесобиқа доранд, ки дар натиҷа вазъи сиёсии сайёра боз ҳам печидаву муташанниҷ гардида, буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам шиддат гирифтааст.Ин ҳолатро аз «Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё» мушоҳида кардан мумкин аст.Дидан мумкин аст, ки чи тавр дар ин давлатҳо терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд ва доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ дар ин давлатҳо торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо - Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Ҳаракатҳои ифротӣ, амалҳои даҳшатафкании гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» боиси нигаронии аҳли башар гардидааст. Бахусус, ҳаводиси хунини Ироқ, Сурия, Фаронса (Париж), соли 2015 аз ҷониби ин гурӯҳи харобкор анҷом ёфт, чеҳраи аслии терроризмро бори дигар нишон дода, ҷомеаи ҷаҳонро дар мубориза бо ин вабои аср таҳрик бахшиданд. ҷангиёни “Давлати исломӣ” инсонҳои бегуноҳ, аз ҷумла кӯдакон, занон, пиронсолону барҷомондагонро ваҳшиёна ба қатл мерасонанд. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.

Истифодаи «сиёсати якдилона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад.

Президенти мамлакатамон изҳор доштанд, ки «Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалӣ таъкид карда будам, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд». Боиси таассуф аст, ки баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират мегарданд. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯ ба рӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори нерӯву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон ва боз як ќатор давлатҳои исломї мебинем.

Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронид ва дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дод.Ҳанӯз аз соли 1999 ҷиҳати муборизаи фарогир бар зидди терроризм ва экстремизм як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо терроризм» имзо гузошт. 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» ба тасвиб расид.Қабули ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои фароҳеро дар таҳкими мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овард.

Сохтори давлатӣ оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм ин мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Асоси бунёди сохтори ташкилӣ барои пешгирии ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта, системаи амалкунандаи давлатӣ оид ба ошкор, пешгирӣ, боздошти амалҳои террористӣ мебошад. Субъектҳои бевоситае, ки ба мубориза бар зидди терроризм машғуланд, аз ҷумла амнияти зиддитеррористиро дар доираи салоҳияти худ тибқи муқаррароти Конститутсия, Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» ва дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд, аз инҳо иборатанд:

• Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо Коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо дарназардошти авлавияти стратегии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми динӣ, ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкориҳои худро бо мақсади пешгирӣ ва решакан кардани амалҳои террористӣ тақвият дода, механизми муқобилиятро бар зидди он дар асосҳои ҳуқуқии байналмилалӣ такмил медиҳанд.

Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки солҳои тӯлонӣ сарзамини Афғонистон ақибгоҳи нерӯҳои ифротии минтақа буд ва барои таъминоти онҳо, ки дар қочоқи маводи мухаддир ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ таҷассум меёфт, хизмат мекард.Вале дар давоми солҳои зиёд Тоҷикистон садди роҳи онҳо шуда, барои таъмини амнияти давлатҳои минтақа ва ҷаҳон, сарфи назар аз ҳисороти зиёди ҷониву молии худ нақши кишвари буфериро иҷро намуд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар бовар ҳосил кард, ки Тоҷикистон метавонад минбаъд низ дар таъмини амнияти қитъаҳои Аврупову Осиё ва сулҳи ҷаҳон шарики боэътимод бошад, чунки мо ҳанӯз соли 1998 дар Иҷлосияи 20-уми махсуси Созмони Милали Муттаҳид ба ҷомеаи мутамаддин дар бораи хатару оқибатҳои сангини тавсеаи зуҳуроти терроризм ҳушдор дода, ташкили «минтақаи амнияти гирдогирди Афғонистон»-ро пешниҳод карда будем».

Имрӯзҳо бошад Тоҷикистон ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад.

Чуноне Раҳмон Юсуф, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иброз доштааст «Дар самти муқовимати иттилоотӣ бар зидди терроризм ва экстремизм мақомоти прокуратура дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти алоқа беш аз ду ҳазор сомонаи интернетиеро, ки ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ ҳамбастагӣ доранд, муайян ва фаъолияташонро қатъ кардааст», «Ҳамчунин дар асоси аризаи Прокурори генералӣ бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2015 ташкилотҳои бо ном «Давлати исломӣ» ва «Ҷабҳат-ун-нусра» ҳамчун созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ эълон гардиданд», «Аз соли 1997 дар Тоҷикистон 14 гурӯҳи муташаккили террористӣ аз ҷониби ниҳодҳои қудратӣ маҳв гардида, фаъолияти 12 ҳаракат, ҳизб ва гурӯҳҳои экстремистии ифротиву тундгаро дар қаламрави Ҷумҳурӣ манъ гардид», «Шахсияти қисми зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз номи гурӯҳи Давлати исломии Ироқу Шом меҷанганд, муайян гардида, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст». Яке аз омилҳои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии Ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад.Чунки яке аз сабабҳои шомил шудани ҷавонон ба иттиҳодияи ҷиноятӣ дар муҳити носолим тарбия ёфтан, аз ҷониби падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда фароҳам наовардани шароитҳои зарурии моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва руҳӣ, заифии таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии алоҳида мебошад.

Шарифхонов Орзу,  узви ҲХДТ, роҳбари маҳфили маркази дарёфт ва                     рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи ноҳияи Темурмалик 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg