БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАРҲАНГ ИФОДАГАРИ ТАЪРИХИ ХАЛҚУ МИЛЛАТ АСТ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии «Бахши фарҳанг» хониши сиёсӣ баргузор гардид, ки мавзӯъи муҳими рӯзро дар бар мегирифт.

Ватанзода Сайҷаъфар раиси Кумитаи иҷроия  зимни суҳбат изҳор дошт, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори самтҳои дигари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои ташаккули маънавиёти ҷомеа, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи  тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ дар байни наврасону ҷавонон диққати махсус дода шуд.

Аз ин рӯ,  беҳтар гардидани фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, осорхонаву китобхона ва марказҳои фарҳангӣ, тарбияи эҳсоси зебоипарастӣ ва дарки фарҳанги асил дар замири аҳли ҷомеа аз вазифаҳои асосии сохторҳои ҳизбӣ ба шумор мераванд, ки ҳар узви ҲХДТ-ро водор ба он месозад, то ҳадафҳои созандаро дар зиндагии ҳамарӯзаи худ татбиқ намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg