БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОД КАРДАНИ ВАТАН АЗ ГӮШАИ ИМОНДОРИСТ...

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти ба номи “Нуриддин Маҳмудов” хониши сиёсӣ ва Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» гузаронида  шуд.

Намояндагони ҳизбӣ  зимнан  сокинонро бо фарорасии иди саиди Қурбон табрику муборакбод гуфта, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро риоя намуда,  аз зиёдаравию  хароҷоти беҳуда  худдорӣ намоянд.

Сипас,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  тарғибу ташвиқ карда шуда, байни   масъулин ва ҷамъомадагон суолу  дархостҳо сурат гирифт.   

Дар интиҳои суҳбат дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо дастгирии  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Нуриддин Маҳмудов барои муассисаи таълимии деҳа  дару тиреза ва якмиқдор масолеҳи сохтмонӣ ба маблағи 10000  сомонӣ кӯмак расонида шуд, ки ин амали хайр  барои таъмини шароити хуб барои таҳсили хонандагон  мусоидат хоҳад  намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg