БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Маркази фарҳанги ҷавонон» вохӯрӣ доир карда шуд.
Асадуллозода Ватан намояндаи ҳизби шаҳри Бохтар дар мавзўъи “Ҷавонон ҳимоятгари дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ” суханронӣ карда, афзуд, ки ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ифтихори миллӣ, ватандорӣ фарқияти калон доранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон ҳамеша ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, шароити хуби таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ фароҳам овардаанд. Таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат аст, ки ҷавонон дар тамом соҳаҳои кишвар фаъолияти пурсамар доранд ва аз меваҳои шаҳдбори Ваҳдату истиқлолият баҳраманданд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷавононро месазад сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро пуштибонӣ намуда, бо амалҳои созандаву бунёдкорона дар пешрафту шукуфоии Ватан саҳм гузоранд.
Дар охир вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ миёни иштирокдорони вохӯрӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.