БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ ВАЗИФАИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ!

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани  санаҳои муҳими таърихӣ дар ташкилоти ибтидоии “Лубиёкор”-и  ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби  масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ  дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», сафарбар намудани сокинон ба ободониву бунёдкорӣ  бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ,  пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ,  тарғиби фарҳанги миллӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз  андешаронӣ карда шуда, аз ҳар як иштирокчии чорабинӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар рӯзи Иди саиди Қурбон ба ҷои дастархонороию зиёдаравӣ ба фарзандон шароити  мусоид барои таҳсил дар соли нави хониш  фароҳам оранд.

Дар охир бо дастгирии сокинондар доираи Аксияи ҳизбӣ  дар арафаи  Иди саиди Қурбон   ба хотири шод намудани  руҳи гузаштагон оромгоҳи деҳаро  тозаву озода намуда,  деворҳои атрофи онро рангубор карданд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg