БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАЪНАВИЁТИ БАЛАНДИ ҶОМЕА ПЕШРАВИЮ МУВАФФАҚИЯТИ ДАВЛАТ МЕБОШАД

ҶАЙҲУН.Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи сил» чорабинии таблиғотии ҳизбӣ таҳти унвони «Аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо мақсади солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа» баргузор карда шуд.

         Масъулин баромад намуда, иброз доштанд, ки сатҳи маънавиёти ҷомеа муайянкунандаи сатҳи тамоми ҷанбаҳои ҳаёти он ба ҳисоб рафта, пешравию мувафақиятҳои давлат аз сатҳи солимии маънавиёти У вобастагии калон дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахотири солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа тамоми кушишу ғайртаро равона сохтааст, вале ҳастанд гуруҳҳои манфиатҷуву тахрибкор, ки баръакс, ба ифротсозиву заҳролудшавии маънавиёти мардум тамоми кӯшишҳои худро дареғ намедоранд.

         Намояндагони ҳизб илова намуданд, ки дин аз ҳама нуктаи ҳассоси ҳаёти маънавии ҷомеаро ташкил медиҳад ва бо дарки ин, нахустҳуҷуми гуруҳҳои ифроти низ аз ин роҳ ба сӯи маънавиёти ҷомеа бо мақсади шикастани рӯҳияи давлатдории миллӣ равона карда шудааст. Ва дар рафти вохӯри доир ба мавзӯи баррасишаванда ба иштирокчиён гузориши муфассал дода, қайд намуд, ки ҷиҳати аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ ҳар як узви ҲХДТ-ро зарур аст, ки корҳои таблиғотиро дар байни аҳолӣ роҳандозӣ созанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg