
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар асоси дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳои милливу давлатӣ пайваста Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем”-ро баргузор намуда, бо назардошти имконияти молиявӣ ба шахсони ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла маъюбону ятимон, барҷомондагону беппарасторон кӯмаки амалии хешро мерасонад.
Ин навбат дар арафаи Иди саиди Қурбон 5 нафар шахсони ниёзманди ҷомеа кӯмаки молиявӣ расонид, ки аз ин иқдоми неки ҳизбиён сокинон миннатдор буда, ҷонибдории худро аз сиёсати инсонпарваронаи Роҳбари давлат баён карданд.