БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ ҶОМЕА ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ АСОСИИ ҲХДТ МЕБОШАД

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “КАТС”  бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ   хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроия Давлатҷон Ғаффорзода қайд кард, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсия ва таҳким бахшида истодаанд.

Ҳоло дар 19 шаҳру ноҳияи мамлакат «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба  ба таъмини аҳолӣ  бо кӯмаки тиббию санитарии дар ноҳияҳои таҷрибавии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019» амалӣ гардида истодааст ва ин таҷриба давра ба давра тамоми кишварро фаро мегирад.

Дар давоми се соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg