БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ ИСТИҚБОЛИ САЗОВОРИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣБо аъзои ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти “Бобоюнус” вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  баргузор гардид.

Дар мулоқот Раҷабзода Маҳмадсаид дар бораи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва  саноатикунонии босуръати кишвар – ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ, истифодаи самараноки нерӯи барқ ва пардохти маблағи саривақтии он, огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари  гурӯҳҳои террористӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ба дарки ҷомеа расонидани  корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба хотири  пешрафту шукуфоии Ватан ва амалҳои хайру сахо бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатӣ ибрози андеша намуд.     

Сипас, вохӯрии судмандро  ҷамъомадагон якдилона дастгирӣ карда,  вобаста ба қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар сохтмони майдончаи варзишии замонавӣ дар муассисаи таълимии деҳаи мазкур  кӯмаки амалӣ  расониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg