БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲАНДОЗИИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ БОИСИ ХУШҲОЛИИ СОКИНОН ГАРДИД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи Аксияи тарғиботӣ - амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Янгиюл” – и Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён  бо иштироки мардуми ватандӯстӣ деҳаи мазкур, ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид.

Иштирокдорони корҳои ободонӣ бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат  роҳҳои дохили деҳаро сангфарш карданд, ки боиси хушҳолии сокинон гардид. Роҳҳои мазкур дар фасли зимистону баҳор ба сокинон мушкилиҳои зиёдеро эҷод менамуд,ҳалли худро ёфт.   

Дар қисмати сиёсии чорабинӣ бошад, масъулин атрофи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ  андешаронӣ карда, ҳамагонро ба корҳои созандагиву ободонӣ, анҷоми хайру сахо ба хотири паст кардани сатҳи кабизоатӣ раҳнамоӣ намуда,  барои дастгирии  ҳадафҳои созандаи ҲХДТ арзи сипос  намуданд.
 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg