БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ АСОСӢ ПОКСОЗИИ ҶОМЕА АЗ ЗУҲУРОТИ ХАТАРЗОИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ АСТ!

ҚУБОДИЁН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо  мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти давлати ноҳияи Қубодиён  дар мавзӯъи  “Хатари терроризм ба ҷомеаи ҷаҳонӣ”  хониши сиёсӣ  доир гардид.

Ваҳобиддин  Абдуллоев  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар бораи  огоҳонидани сокиноникишвар аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои  иртиҷоии  дар Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар роҳи  мубориза бо онҳо   андешаронӣ карда, қайд намуд, ки тақвият ёфтани ташкилотҳои радикалии  исломӣ ва террористӣ, ки  истифода аътиқоди динӣ, тарсондан ва хушунатро ҳамчун як воситаи  муҳим барои  татбиқи  манфиатҳои  худ  пайгирӣ мекарданд, боиси нигарониҳои  ҷиддӣ гашт.

Дар охир оид ба ҳадафҳои олии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он суҳбату муколама сурат гирифт.

Дар охир дар доираи амалишавии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии мазкур ба маблағи 2000 сомонӣ ва соҳибкорони муваффақи маҳал ба маблағи 4200 сомонӣ 5 километр роҳи мошингузор, ки ба рафту омади сокинон  монеа эҷод мекард, таъмири хушсифат карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg