БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ҲИДОЯТГАРИ КОРҲОИ СОЗАНДА ДАР ҶОМЕА

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дирӯз  дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Бадахшон»  вобаста ба татбиқи  ҳадафҳои созандаи ҲХДТ   вохӯрии судман доир гардид.

 Намояндагони ҳизби ноҳия  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла пешгирии ҷавонон аз ҳаргуна гурӯҳҳои ифротӣ, огоҳонидани сокинон аз паёмаду хатарҳои  ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар, ҷалби шаҳрвандон ба корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ, Аксияи таъмири муассиса таҳти унвони «Одам нашавад магар касе аз мактаб» ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.

Дар охир  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо дастгирии    сокинони деҳаи Бадахшон дар арафаи иди Қурбон баргузор карда шуда, оромгоҳи деҳа  тозаву озода карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg