БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ МАРДУМРО ДАР РОҲИ ВАТАНДӮСТӢ ҲИДОЯТ МЕНАМОЯД

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади ба дарки ҷомеа  расонидани самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ ва ҷалби онҳо дар татбиқу амалигардонии барнома ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Маҳаллаи 9 ” хониши сиёсӣ баргузор гардид. 

Зимни ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Каримзода Пирмуҳаммад  атрофи масоили вобаста ба саҳмгузории ҳар як аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар татбиқ ва амалигардонии ташаббусҳои созандаи ҲХДТ дар маҳал, бахусус дар татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба истиқболи сатҳи баланди ҷашни муқаддас 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, масъалагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ, ташаббусҳои сатҳи байналмилалии кишвар дар масоили марбут ба об, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, мушкилоти умумисайёравии терроризму ифротгароӣ, қоҷоқи маводи мухаддир ва ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳалли мушкилоти беҳдошти саломатии аҳолӣ ва экология, эълон гардидани солҳои 2019-2021 – Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуда,  ҷамъомадагонро ба корҳои ободониву созандагӣ, хайру сахо дар арафаи Иди саиди Қурбон раҳнамоӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg