
ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибитидоии «Бобоҷон Ғафуров»-и Ҷамоати шаҳраки Вахш оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи «Фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ» вохӯрӣ доир карда шуд.
Сараввал раиси Кумитаи иҷроия Одилҷон Маҳмадов ба сухан баромада, оид ба масъалаи болозикр иттило дод, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи хештаншиносии мардум ҳадафҳои баланди миллатсозӣ дорад ва татбиқи амалии он вазифаи на танҳо аъзои ҳизб, балки ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар мебошад.
Инчунин, гуфта шуд, ки дар марҳилаи кунунӣ экстремизми исломӣ пайваста тобишҳои нав ба нав ба худ касб карда, кайҳост омили равшани сиёсати ҷаҳонӣ гаштааст. Ҳадафҳои асосии ифротгароёни исломӣ дар ҷомеа ин суст кардани худшиносии миллӣ, қувват додани бегонапарастӣ, ва дар маҷмӯъ ба вуҷуд овардани ҷангу ҷидолу ихтилоф дар ҷомеа буда, аслан василаеанд барои амалишавии нақшаҳои давлатҳои абарқудрат барои идора кардани ҷаҳон. Мо бо чашми худ дида истодаем, ки исломи радикалӣ ва бегонапарастӣ чӣ гуна кишвари ҳамҷаворамон Афғонистонро ба нокомиҳои хунин гирифтор кардааст.
Аз ин лиҳоз моро месазад, ҷиҳати нигоҳ доштани урфу одатҳои миллии хеш ва ҳувияти миллӣ саҳми арзандаи хешро гузорем.